Бо мақсади аз наздик ба мардум шинос намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии худро бо фаъолони шаҳри Хуҷанд идома дода истодаанд. Мулоқоти навбатӣ дар коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд бо иштироки 300 нафар устодону донишҷӯёни қоллеҷи мазкур ва фаъолони маҳаллаи Сари Баландӣ доир гардид. Мулоқотро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, суханро ба вакили МН МО ҶТ Гулбаҳор Назирӣ дод. Назирӣ қайд кард, ки Қонуни мазкур, ки як қатор меъёрҳои наверо қабул намудааст, танҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Ҳамчунин, мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум буда, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ равона карда шудааст. Ин қонуни миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як таҳавуллоти ҷиддӣ ва инқилоби маънавию фарҳангӣ дониста хоҳад шуд. Узви ММ МО ҶТ Саодат Аминҷонова ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода мушаххас оиди он тағйироту иловаҳое, ки ба қонуни миллии мазкур илова гардидаанд, гуфта гузаштанд. Аз ҷумла, дар суханрониҳо оиди баргузории бештари ҷашну маросимҳо дар муҳити оила, эҳтироми забони давлатӣ, арҷ гузоштан ба расму русуми миллӣ, аз ҷумла сару либоси миллӣ, маросимҳои қайди давлатии ақди никоҳ ва саҳм гузоштан дар тарбияи насли наврас қайд гардид. Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода дар ҷамъбасти мулоқот таъкид намуд, ки мардуми шарафманду заҳматқарини шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина ба ҳар як оилаи шаҳр расонидани мақсаду манфиатхои Қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми назаррасеро хоҳанд расонд.