Таҳкими мавқеи давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои сиёсати хориҷии мамлакат маънидод гардида, кишвари мо тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба мақоми шоиста дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ даст ёфт ва ба ҳайси узви фаъол ва созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд.

Ҳанӯз 2 марти соли 1992 Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 46 - уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба узвияти ин созмони бонуфуз пазируфта шуда буд ва имрӯз узви зиёда аз 80 созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Кишвари мо бо 128 давлати ҷаҳон дар асоси принсипҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ муносибатҳои дипломатӣ барқаррор намуда, дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра ташаббусҳои созандаро пешниҳод ва амалӣ месозад.

Ташаббусҳои созандаи Сарвари давлати тоҷикон, ки ба ҳалли  мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла дар масъалаи об, равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Боиси фараҳмандист, ки дар соли таърихӣ, яъне таҷлили 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қатъномаи худ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро барои солҳои 2018-2028  қабул намуд, ки ба ҷонибдории он 177 давлати аъзои ин созмон райъ  доданд. Дар лоиҳаи Қатъномаи мазкур ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Соли байналмилалии “Оби тоза” эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии  амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 махсус таъкид гардидааст.

Дар Қатънома аз ҷумла, зикр шудааст, ки «афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшидании бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад». 

Ҳамовозӣ пайдо намудани  иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси ифтихор аст. Боз як нишонаи муҳими ин падида он аст, ки ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии ҷаҳони имрӯза оид ба об яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ гардида, ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра ва дастрасии онҳо ба оби тозаи нӯшиданӣ равона гардидаанд.

Маҳз бо талошу иқдомҳои созандаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти ҳамкорӣ  дар соҳаи об дар ҷаҳон маълум гаштааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳбарони 10 кишвари дигари аъзои СММ узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об мебошад. Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об таъйин шудааст.

Тавре зикр намудем, Сарвари давлати тоҷикон ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои наҷибонаи худ ҳамчун шахсияти фаъол дар тамоми чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об ва ҳифзи муҳити зист иштироку суханрониҳо намуда, бо муҳокимарониву масъалагузориҳояшон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта дар самтҳои зикршуда равона месозанд. 

Хусусан, Пешвои миллати мо диққати давлату созмонҳои гуногуни хориҷиро ба он мушкилоти минтақавию ҷаҳоние, ки аз норасоии об сар мезананд, равона карда, таъкид менамоянд, ки бартарафсозии саривақтии онҳо боиси беҳтаршавии муносибату робитаҳо миёни кишварҳои гуногуни минтақаҳои ҳассоси дунё мегардад.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтану амалӣ сохтани ташаббусҳои наҷибонаву инсондӯстонаи Пешвои миллати тоҷик, агар аз як тараф далели ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки фаъолу суханрониҳои муфиди худ дар чорабиниву ҳамоишҳои гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҳамеша ба ҳайси муаррифгари Ватани аҷдодиву миллати тамаддунофари мо баромад мекунанд. Зимнан, ҳангоми суханронии худ дар Саммити оби Будапешт, ки рӯзи 28 ноябри соли 2016 дар Ҷумҳурии Венгрия баргузор гардид, Сарвари давлати тоҷикон изҳор дошта буданд:

«Тоҷикистон захираҳои бузурги обро дар теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ доро аст. Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад. Танҳо дар даҳ соли охир мо ин соҳаи ҳаётан муҳимро дар ҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардем».

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаҳони муосир муаммои захираҳои оби ошомиданӣ ба яке аз мушкилиҳои умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Чуноне ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ки чандин мамлакатҳои ҷаҳон аз танқисии оби ошомиданӣ азият мекашанд.

Тибқи арзёбии экспертҳо имрӯз дар сайёраи Замин  3 млрд. одам аз норасоӣ ба оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, шояд ин рақам боз ҳам афзоиш ёбад, зеро тибқи пешгӯии олимон дар соли 2050 миқдори аҳолии сайёра ба 9 миллиард мерасад. 

Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ аз ҷумла қайд менамоянд, ки «Ҷойи шубҳа нест, ки хавфи сар задани буҳронҳои обӣ бинобар афзоиши шумораи аҳолии сайёраи мо ва коҳиш ёфтани захираҳои об тамоюли афзоишро касб хоҳад кард.

Тахмин меравад, ки то ахири даҳсолаи ҷорӣ дар ҳудуди ду миллиард аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди мутлақи об дучор хоҳад гардид. Дар шароити  ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об ҳамкориву шарикии созанда дар ин арсаҳо тақозои замон аст».

Об ҳамчун сарвати бебаҳои табиат беохир набуда, муносибати бемулоҳиза ва истифодаи исрофкоронаи он боиси сар задани проблемаҳои мушкили инсоният мегардад. Мутаассифона чунин муносибат имрӯз назаррас аст. Аз ин ҷост, ки таъминоти оби нӯшокӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мушкил гардидааст. Ҳар сол дар ҷаҳон бо сабаби истеъмоли оби ғализу ифлос 5 млн. нафар одамон ҳалок гардида, бештар аз 3 млн. ба бемориҳои гуногун дучор мегарданд.

Уқёнусҳои ҷаҳонӣ ҳамчун манбаи об барои ҳаёт замина гузоштаанд. Мувофиқи расмҳои аз кайҳон гирифташуда 70,8 % сатҳи замин ба об пӯшида шудааст. Миқдори об дар замин ба 1,4. 1018 т баробар буда, аз он оби тоза, оби дарё ба баҳрҳо 2.1015т ташкил медиҳад. Дар як сол аз сатҳи замин 40 ҳазор км3 оби тоза xориҷ мегардад, ки аз он инсоният 3,5 ҳазор км3 – ро дар як сол истифода мебарад. Зиёда аз 28 ҳазор км3 он ба баҳрҳо мерезанд. Як қисми дигари он дар биёбонҳо нест мегардад. Қисми зиёди об бо сабаби ифлос гардиданаш истифода бурда намешавад. 

Аз ин ҷо, яке аз проблемаҳои муҳими инсоният дар асри 21 масъалаи ҳифз ва оқилона истифода бурдани об мебошад. Инро бояд тамоми мардуми сайёра имрӯз ба хубӣ дарк намоянд. 

Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар он захираҳои калони об мавҷуд буда, дар кӯҳҳои осмонбӯсаш, ки ганҷинаи табиии оби тоза маҳсуб меёбанд, захираи пиряхҳо низ зиёданд, ки онҳо яке аз афзалиятҳои миллӣ маҳсуб меёбанд ва давлати мо ҳамеша ҷонибдори истифодаи самарноки онҳо мебошад. 

Асоси сарчашмаи обии Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки 845 километр тӯл кашидаанд. Дар қаламрави Тоҷикистон  947 дарё бо дарозии умумии 28 ҳазору 500 км ҷорӣ  мегардад. Аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ  Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷои якум ва дар ҷаҳон ҷои 8-умро соҳиб аст.

Дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ сатҳи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар масъалаи тақсимот ва истифодабарии об то ҳол дар дараҷаи зарурӣ қарор надорад. Вазъияти об дар ин минтақа ғайриоддӣ аст: об гӯё бисёр аст, аммо дар айни замон камӣ мекунад. Мушкилот дар он аст, ки об аксар вақт исрофкорона сарф карда мешавад.

Новобаста аз он ки дар Тоҷикистон зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, кишвари мо дар бахшҳои фаръии вобаста ба об ҳоло ҳам рӯ ба рӯи мушкилот қарор дорад. Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, бо зерсохтори фарсудашуда, имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ва норасоии иқтидорҳои техникӣ  вобастагӣ дорад. Тайи даҳсолаи ахир ҳолати таъминоти зиёда аз якуним миллион аҳолӣ бо оби ошомиданӣ беҳтар гардонда шуд. Ҳамзамон, як қисмати аҳолӣ, бахусус дар деҳот, ҳоло ҳам ба  шароити беҳтар дар арсаи беҳдошт ва дастрасӣ ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст.

Эълони “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” дар вилояти Суғд дар соли нави милодии 2017 дар ҳошияи  пуштибонии СММ пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» нишони дастгирии ин ташаббуси байналмилалӣ маҳсуб меёбад.  Ҳадафи аслии эълони “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ”   таъмини аҳолӣ ба оби босифати ошомиданӣ ва пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ аст. Дар доираи барномаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати оби нӯшокӣ дар минтақаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо харҷи беш аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар охири матлаби хеш изҳори боварӣ менамоем, ки ҳамаи ин ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси аз ин ҳам зиёд рушду тараққӣ ёфтани Ватани соҳибистиқлоламон ва боз ҳам баланд гардидани мақому мартабаи он дар арсаи байналмилалӣ мешавад.

Хуллас, таърихи нави давлатдории мустақил нишон медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони оқилонаи истифодабарии захираҳои об ва истифодаи якҷояи он дар сатҳи глобалӣ ҳаст ва хоҳад монд. 

 

 

                                                          М.Оқилова, профессори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров