Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои насли ҷавон на танҳо қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи инсонӣ, балки муҳимтарин мактаби обутоб аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт —  дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Бо мақсади даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор ва раиси кумитаи маҳаллаи Масҷди Саври шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди маҳалла бо усули хона ба хона, кӯча ба кӯча корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монданд.