Кормандону аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҳамарӯза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, бозори марказии "Панҷшанбе" баҳри солимии шаҳрвандон корҳои фаҳмонидадиҳӣ мебаранд.

Дар ин амали хайрҳона кормандону волонтёрони ТҶҶ "Созандагони Ватан" - и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров", Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилоят, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун аъзои Ситоди вилоятӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд.

Ба шаҳрвандон оид ба зарурати ҳатмии пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва дигар тадбирҳо ҷиҳати пешгирии хуруҷи дубораи бемории сироятии коронавирус маълумот дода мешавад.