Дар доираи нақша – чорабини МИҲД –и шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 бо иштироки аҳли маҳаллаи “Тути калон” вохӯрӣ оид ба фаҳмонидани моҳияти баргузории интихобот ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси ифтихор ва  ҳуввияти миллии шаҳрвандон баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД –и шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Номбурда дар идомаи суханаш баён дошт, ки пешорӯи мо, интихобкунанда маъракаи муҳими сиёсӣ қарор дорад. Ҳоло ҳизбҳои сиёсии кишвар номзадони худро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ карда истодаанд. Маърифати баланди сиёсӣ омили дар сатҳи бояду шояд баргузор гардидани интихобот мегардад. Мулоқоти имрӯза низ маҳз ба ин хотир роҳандозӣ гардидааст.

Устодони ДДҲБСТ Юсуф Нормуҳаммедов, МД ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров А.Сангинов ва сармуҳаррири “Шафақ” Абдусабур Абдуваҳҳобов зимни баромадҳо баён доштанд, ки интихобот марҳилаи тақдирсоз барои ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Маҳз пешрафт ва шукуфоии миллат аз чигунагии натиҷаҳои интихобот вобастагии калон дорад. Тоҷикистон таҷрибаи бузурги баргузории интихоботҳоро дорад. Имрӯз интихобкунандагон довари ҳақгӯ ҳастанд ва ба ҷонибдории кадом номзад овоз хоҳанд дод, медонанд. Муҳим он аст, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” кафолати баробарии ҳуқуқҳоро ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ додааст. Ва роҳбари давлат дар ҷаласаи якҷоя баён доштанд, ки ба ягон номзад ва ё ҳизбҳои сиёсӣ афзалият дода намешавад.