Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷуҳи мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Тадбиқи самараноки стратегияи миллии солимии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масоил аз ҳадафҳои наҷибу созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон башумор меравад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд рушди соҳаи тандурустиро чун самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат  шуморида, ба рушди устувори он саъю кӯшиш мекунад.

18 августи соли 2017 дар беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд бахшида ба рӯзи мавлуди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аъзоёни фаъоли ҳизбро, ки ворисони арзандаи гузаштагони худ мебошанд ва дар баланд бардоштани сиҳатии мардум талош меварзанд  бо Сипоснома қадрдонӣ намуд.