Дар МТМУ №17-и шаҳри Хуҷанд вохўрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, №10 ба ивази вакили хориҷшуда баргузор гардид.
Кимё Исматова, раиси комиссияи шаҳрии интихобот мулоқотро оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар асоси қарори иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум аз 13 июни соли 2022, № 171 “Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум” дар ҳавзаи интиman@@@man
хоботии Чорчароғ, № 10 ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакили хориҷшуда, ки санаи 7 августи соли 2022 баргузор мегардад, аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 1 июли соли 2022, таҳти рақами 7 номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 Бахтиёр Боқизода- муовини Раиси шаҳри Хуҷанд пешбарӣ гардид.
Ҳамчунин номзад Дилором Маллаева, директори Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд худпешбарӣ шуд. Аз ҷониби комиссияи ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 ин 2 номзадҳо ба қайд гирифта шуданд.
Зикр шуд, ки дар вохўрӣ ҳайати комиссияи шаҳрии интихобот, комиссияи ҳавзавии интихобот, комиссияи участкаи интихоботии № 13 ва интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10- маҳаллаҳои Чорчароғ ва Хуҷанд иштирок доранд.
Сипас шахсони боэътимоди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Хизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Заррина Аҳадзода, шахси боэътимоди номзади худпешбар ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Дилором Маллаева – муовини директори мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд Фарангис Норматова дар бораи номзадони пешбаришуда маълумоти муфассал доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок ва баромад намуд.
Сипас номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода баромад намуда, доир ба нуктаҳои мухими барномаи пешазинтихоботии хеш маълумот дод.
Кимё Исматова-раиси комиссияи шаҳрии интихобот мулоқотро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид намуд, дар асоси моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба вакилӣ номзад пешниҳод намуданд ва ба намояндагони номзадҳои мустақил ҳуқуқ дода мешавад, ки ба тарафдории номзадҳои худ ташвиқот баранд.
Инчунин ба номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки расонаҳои ахбори оммавиро баробар истифода кунанд ва бо интихобкунандагони худ дар маҷлисҳо ва дигар шакле, ки ба интихобкунандагон мувофиқ аст, вохўриҳоро ташкил намоянд.
Бинобар ин ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо метавонанд то 6 августи соли 2022 дар участкаи интихоботии ҳудуди ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 вохўриҳои пешазин-тихоботии худро гузаронанд.
Иттилоъ дода шуд, ки интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, №10, санаи 7-уми августи соли 2022 баргузор мегардад.