Санаи 1 сентябр бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ Роҳбари намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Олимҷон Норматов дар чорабини муассисаи таълимии миёнаи умумии №15 иштирок намуда, ҳамаи омӯзгорону хонандагонро аз номи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуд. Дар толори муассисаи таълимии зикршуда омӯзгорону хонандагон Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи донишро, ки мустақиман тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид, дастаҷамъона тамошо карданд.