Субҳи рӯзи якшанбеи 19 феврали соли равон муаррих ва ҷомеашинос, профессор, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷалил Бобокалонов аз олам даргузашт.

Дар маросими видоъ бо марҳум, ки дар маҳалли зисташ – маҳаллаи Чашмаи арзанаи шаҳри Хуҷанд доир гардид, ҳамкорону пайвандон ва шогирдони А. Бобокалонов иштирок доштанд.

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ба пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуда, хизматҳои арзандаи Абдуҷалил Бобокалоновро намунаи ибрат арзёбӣ намуд. Сипас раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ, раиси уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода ва дигарон аз хизматҳои марҳум ёдовар шуданд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки профессор Абдуҷалил Бобокалонов 4 августи соли 1949 дар деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров (алҳол ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров) аз соли 1971 дар факултаи таърихи ҳамин донишкада фаъолияти илмиву омўзгорӣ бурда, дар вазифаҳои омўзгор, сармуаллим, мудири кафедра, декан ва ноиб-ректор кор кардааст. Як даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мавсуф то лаҳзаҳои вопасини ҳаёт ҳамчун профессори кафедраи таърихи умумии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров ва дар вазифаи муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият бурдааст.