Бо мақсади ошноӣ аз ҷараёни омодагиҳо ба интихоботи карибулвуқуъ аъзоёни ситоди пешазинтихоботии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Муҳаббат Ӯрунбоева, муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва Заррина Манонова, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия  аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳрии рақамҳои 1 ва 2, участкаҳои интихоботии рақамҳои 1, 2 ва 3 дидан намуданд. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни қабули номзадҳои пешбаришуда аз Ҳизби Халқии Демокртатии Тоҷикистон тариқи конфронсҳо ба шахсони бовариноки вакилон дастур доданд, ки зимни таҳия ва баромадҳо бештар ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ такя намоянд. Замони шурӯи таблиғу ташвиқ варақаҳои таблиғотиро дар ҷойҳои лозима насб намоянд. Бо мардум бештар аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки ҳадафаш таъмиини зиндагии шоистаи мардум аст, сухан кунанд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз шахсони болозикр бо мақсади ошноӣ аз афкори мардум дар маҳаллаҳои Раззоқ  ва Масҷиди Савр миёни мардум пурсишнома гузарониданд. Зимни назарсанҷиҳо аксарияти пурсидашудагон аз баргузории рӯзи интихобот ва мавҷудияти 7 ҳизби сиёсӣ огоҳ буданро иброз доштанд.  Дар мавриди чи мушкилиҳоро бо воситаи вакилони интихобмекардаашон хал карданианд, аксарият аввалан тинҷию амонии кишвар хостгор шуда, баъдан масъалаи дастрасии  қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, таъмири роҳ, чароғонкунӣ, таъмини муассисаҳои таълимиву тандурустиро бо гармидиҳии мутамарказонида, коҳиш додани ҳаҷми андозбандиро иброз доштанд.