Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд машварати назди раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар баргузор гардид, ки дар он масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Раиси кумитаи иҷроия Наим Маликисломӣ  ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба ҷашнгирии 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Парчами давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни машварат якчанд дастуру супоришҳо дод.

Инчунин раиси кумиҷроия доир ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии солҳои навадуми асри гузашта андешаронӣ намуда, афзуд, ки маҳз Иҷлосияи тақдирсоз миллати моро аз нав зинда кард, кишварамон ором шуд. Бесарусомониҳое, ки дар ибтидои солҳои навадум оғоз гардида буд, анҷом ёфт. Дар он замон ягона мақомоти боэътимод Шӯрои олии мамлакат буд. Барои баргузор шудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши вакилон хеле бузург буда, маҳз эшон барои оромиву амнияти кишвар талош карданд. Толеъи баланди мардуми тоҷик буд, ки вакилони сарсупурдаи миллат ояндаи тақдири Давлату Ҳукуматро дурбинона  баррасӣ намуда, роҳбари одилу тавоно ва закиро барои худ муайян сохт. Интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи тақдирсоз миллатро аз нобудӣ эмин дошт ва роҳи нуру сафоро дар ояндаи умедбахш муайян сохт.

Ҳамзамон қайд гардид, ки Парчами давлатӣ - ин муқаддасоти халқи мост ва ҳар як шахси Ватандор, ҳар кадоме аз мо- аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъул ҳастем, ки Пачами давлатиро эҳтиром кунем ва дар ободию шукуфоии Ватани ҷоноҷонамон саҳми муносиби худро гузорем.

Аз ин рў, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.