Занону модарон оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллатанд. Зан-Модар сатҳи хираду маърифати миллату давлатро таҷассум менамояд. Таърихи башарияти ҷаҳон бо номи Зан- Модар ҳамбастагии зич дорад. Тарбияи насли навраси имрӯза пойдевори ояндаи ҷамъияти мо мебошад. Ва имрӯз дар тарбияи насли наврас ҳиссаи модарон хело калон аст. Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо, Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо… Бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гендерӣ ва таҳкими оила, дастгирии занону духтарон, қадршиносию саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оиди сазовор таҷлил намудани «Рӯзи Модар» бахшида ба Рӯзи модар бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар тарабхонаи «Шоира-Люкс» маҳфили телевизионии «Рози Бону» бо иштироки занони фаъол, баргузор гардид. Дар чорабинӣ дар қатори занони барӯманд, собиқадорони ҳизб, фаъолазанҳои ҳизб, ҳамчунин модарони афсарони дар хизмати ҳарбӣ қарордошта низ даъват шуданд. Дар ин чорабинӣ раиси кумиҷроия Наим Маликисломов занонро табрик намуда, як зумра занони фаъоли ташкилотҳои ибтидоиро бо Сипосномаю Ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд. Тараннуми таронаю қироати монологҳо дар васфи Модар дар иҷрои санъаткорон ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд. Ҳамчунин дар ҳамаи Кумитаи маҳаллаҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чораҳои идона баргузор гардида, занону модарон бо Сипосномаю Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин занони барӯманд, собиқадорони ҳизб ва маъюбону шахсони яккаву танҳо аёдат карда шуданд.