Мо ҷавонони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба кулли ҷавонони кишвар ва махсусан ба ҷавонони шаҳри Хуҷанд муроҷиат карда, мехоҳем онҳоро ба масъалаи муҳим, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаву халқро нороҳат сохта истодааст ҳушдор созем. Воқеан, имрӯзҳо Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони тоҷикистонро ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф намуда, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карданд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Сарвари давлат иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Бо заҳмату ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо рўз аз рўз чун ғунчаи навбар шукуфон шуда истодааст. Маҳз, хизматҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистон ба чунин қуллаҳои баланд расида, дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ шарики давлатҳои абарқудрат гашт. Мо ҷавонони саодатманди кишвар чунин заҳматҳои арзандаи Сарвари давлат ва халқи ободкори худро қадр карда, ин Ватан ва сарзамини хешро муқаддаст шуморида, ба қадри обу хоки он бояд бирасем. Мутаассифона дар байни ҷавонон нафароне ёфт мешаванд, ки аз ноӯҳдабароии худ ба ҳар гуна корҳои ғайри инсонӣ даст зада, барои муфт соҳиби маблағ гардидан амалҳои ношоистаро пеша мекунанд. Шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гувоҳи онанд, ки баъзе аз ҷавонони мо фазои орому осуда ва Ватани ободро нахоста, мехоҳанд дар сарсониҳо ва макони пур аз хатар умр ба сар баранд. Чӣ хеле, ки маълум аст имрӯзҳо ҷавонони раҳгумзадаи мо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат доранд ва барои ҳадафҳои нопоки шахсони алоҳида меҷанганд. Гумон мекунанд, ки барои рабудани ҷони як нафар, ки аз ҷониби Худованд дода шудаасту худ метавонад гирад, ба ҷаннат мерафта бошанд. Биёед ҷавонони бо нангу номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободию осоиштагӣ ва тараққиёти ватанамон кӯшиш ба харҷ диҳем ва барои наҷоти чунин ҷавонони гумроҳ чораҳои мушаххас андешем. Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат ва осоиштагию оромии ватанамон хастем. Нест бод ифротгароӣ! Нест бод терроризм! Поянда бод сулҳу ваҳдат!