Бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни кумиҷроия, аъзои фаъоли ҳизб ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафурови назди маҳаллаи Раззоқ рӯзи гузашта дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

Уғулой Умаралиева, муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров конференсияро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон аз фаъолияти се моҳаи кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ҳисобот дод. Дар баромад таъкид шуд, ки ҳамаи 16 ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди маҳалла бо масъулияти том паи иҷрои дастуру вазифагузориҳои кумиҷроияи шаҳрӣ ҳастанд. Дар кумитаи иҷроияи ибтидоӣ шумораи аъзоён ба 1518 нафар расида, кумиҷроия мекӯшад, боз ҳам бештар олимон, сокинон, хосса ҷавононро ба сафи ҳизб ҷалб намояд.

Баргузории аксияву чорабиниҳои варзишӣ, ки аз иқдомҳои ҳамешагии кумиҷроияи шаҳрӣ мебошад, дар кумиҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ба ҳукми анъана даромада, дар давраи ҳисоботӣ наздики 10 чорабиниҳои ҳизбӣ вобаста ба таҷлили ин ё он ҷашн баргузор гардид.

Аъзоёни фаъол, номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нуров ва роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров Мирсодиқ Сангинов барои боз ҳам ҷоннок намудани пояи ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди маҳалла таклифҳои судманд доданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми кори рӯзномаи маҷлис ҳозирин бинобар ба дигар вазифа гузштани аъзои кумиҷроияи ибтидоӣ, собиқ ректори ДДХ Анвар Мақсудӣ, ректори кунунии донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулоҳро ба аъзогии кумиҷроия бо тарафдории кулли вакилони конфронс пазируфтанд. Номбурда ҳамзамон бо пуштибонии вакилони конференсия ба ҷои собиқ роҳбари кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Анвар Мақсудӣ, ки ба дигар кор гузаштааст, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров интихоб гардид.

Ҳамчунин дар конференсия 21 нафар вакилон ба конференсияи 19- уми ҳисоботию интихоботӣ, ки санаи 24 май баргузор мегардад, интихоб гардиданд.

Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни баромади худ аз ҳамкории хуби ташкилоти мазкур бо кумитаи иҷроияи шаҳрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳо дар самти ҷалби аъзо, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дастуру ҳидоятҳо дод.

Ба як қатор аъзои нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиро Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ва доктори илмҳои биологӣ, муовини ректор оид ба таълими ДДХ Абдуфаттоҳ Раҳимов супориданд.

 Абдуфаттоҳ Раҳимов дар баромади хеш аз масъулияти ҳар як аъзои ҳизб сухан карда, таъкид дошт, ки бояд моҳият ва ҳадафҳои Оинномавӣ ва барномавии ҳизб миёни сокинон, хосса ҷавонон бештар таблиғ карда шавад. Зеро ҳадафҳои стратегии ҳизб бо барномаи дурнамои давлат ва ҳукумати кишвар тавъманданд.

Бо ҳамин кори конференсия анҷом пазируфт