Рушди устувору босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ҷиҳати амалӣ намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар мусоидат мекунад. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Бо мақсади огоҳ намудани сокинони Хуҷандшаҳр аз Рӯзи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид карда мешавад, бо занону ҷавондухтарон дар ташкилоту муассисаҳо, коллеҷу донишгоҳҳо ва Кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мувофиқи ҳавзаи раъйпурсии №26 Хуҷанд мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст. Чунин вохӯрӣ дар ММТУ №18 бо сокинони маҳаллаи Тути Калон ва Мактаб-парваришгоҳи ёрирасони шаҳри Хуҷанд бо иштироки бошандагони маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов баргузор гардид. Мулоқотҳоро мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова ифтитоҳ бахшида, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён намуд. Сипас устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Иброҳим Ҷабборов ва Маҳмадшоҳ Маҳмадшоев дар бораи тағйироту иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда маълумот доданд. Дар вохӯрӣ раиси участкаи интихоботии №6 Обидова Гулнора ва Раиси участкаи интихоботии №10 Шогунбеков Муаззамбек иштирок доштанд. Вохӯрӣ бо додани посухҳо ба саволҳои иштирокчиён ба анҷом расид.