Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб»-и вилояти Суғд конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

     Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла муовинони Раиси ҲХДТ, Муовини Сарвазири Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷамеа, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, шуморе аз раисони идораю кумитаҳои давлатӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони давлатию сиёсӣ, олимони варзида аз манотиқи гуногуни кишвар, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баъзе раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб, собиқадорон, намояндагони занон ва ҷавонон, инчунин аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба вилояти Суғд сафар намуданд.

      Меҳмонони конфронсро дар даромадгоҳи шаҳри бостонии Хуҷанд бо риояи унсурҳои меҳмондорӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дигар фаъолон истиқбол намуданд.

Дар доираи баргузории конфронс иштирокчиён аз маҷмааи “Дуои модар” боздид намуданд. Муҷассама бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи арҷузорӣ ва муҳаббату самимият нисбат ба модари тоҷик бунёд шуда, аввалин муҷассамаи азим дар ин намуд аст. Муҷассамаи “Дуои модар” бо пояаш 13 метрро буда, баландиаш 6,7 ва пояи он 5,5 метрро ташкил медиҳад. Маҷмааи “Дуои модар” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 октябри соли равон ифтитоҳ гардидааст.

       Бо мақсади мушоҳида намудани татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҳайати меҳмонон аз корхонаи ҶДММ «Текстилимпекс» боздид карданд. Масоҳати умумии коргоҳи истеҳсолии мазкур наздики 1 гектар буда, дар он биноҳои сехи истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд шудааст. Ҳангоми азнавсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни ботаҷрибаи маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда шуд. Таҷҳизоти истеҳсолии корхонаи саноатӣ истеҳсоли Федератсияи Русия ва фаъолияти асоси коргоҳ - истеҳсоли матои бахмал мебошад. Коргоҳ дар як шабонарӯз, ки ба се баст тақсим карда шудааст, 120 метри мураббаъ матои бахмал истеҳсол мекунад.

      Ёдовар мешавем, ки 30 июл Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс”-ро мавриди истифода қарор доданд.

     Дар давоми рӯз меҳмонон аз корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон дар шаҳри Хуҷанд дидан карданд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад. Дар корхонаи нави саноатӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи навтаъсис аввалан нон бо шакли махсус ва тамъи хоса пухта шуда, баъдан коркард мегардад, ки аз он 6 номгӯи маҳсулоти босифат бо тамъҳои гӯшти мурғ, қаймоқ, кабутӣ, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешаванд. Ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми феврали соли ҷорӣ оғоз бахшида буданд.

      Ҳамзамон, иштирокчиёни конфронс Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қаълаи Хуҷанд» Боғи Камоли Хуҷандӣ ва Осорхонаи ин шоири маҳбуби диёрро тамошо карданд.

      Қисмати назариявии конфронс дар Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» доир гардид.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки дар таърихи давлатдории мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шахсияти беназир ва корномаҳои ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаммаъно гардидааст.

   -  Бисту нуҳ сол муқаддам дар ҳамин толори таърихӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд, - гуфт Х. Юсуфӣ.

- Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад. Метавон ин иҷлосияро ҳамчун асоси бинои сулҳ дар Тоҷикистон ном ниҳод. Дар иҷлосия роҳбарияти нави сиёсии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия намуд ва ба миён гузошт. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам оварда, хатари парокандагии давлати тоҷикону миллати тоҷикро аз байн бурд. Халқ донист, ки Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ, заҳмату ҷонфидоӣ, талошҳову тадбирҷӯиҳо раҳнамову ҳидоятгар аст, ба миллат сулҳу ваҳдат овардан мехоҳад ва бунёди Тоҷикистони ободу озод орзуи ягонаву доимии ӯст.

       Бо гузашти вақт, бо иттиҳоду ҳамбастагии мардум орзуҳо ҷомаи амал ба бар карданд ва Раҳбари халқ дар минбарҳои баландтарини олам аз шукӯҳу рифъат ва озодиву истиқлоли Тоҷикистон садо баланд намуд, аз арзишҳои олии миллати бостонии тоҷик сухан гуфт, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро ба нуру гармӣ истиқбол кард ва Тоҷикистонро хонаи тамоми тоҷикони олам номид. Ҷавобан ба ин корномаҳо халқ Сарвари давлатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат хонд ва аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.

        Зимни баромади худ муовини Раиси вилояти Суғд оид ба иқтисодиёт ва молия Анвар Яъқубӣ ҳозиринро аз номи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки дар Қасри Арбоб, қасре, ки бунёдгузораш шахси некхоҳу некбин, пири деҳқонони тоҷик Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев мебошад, бо раъйи вакилони мардумӣ фарзанди шоистаи халқу миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

    Таърих собит кард, ки ҳамфикрии вакилон дар интихоби Роҳбари давлат дар Қасри Арбоб – интихоби фардои дурахшон, интихоби сулҳу ваҳдат, интихоби роҳи ободиву озодӣ ва пешрафту тараққиёт аст. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардум қабул гашта, шакли идораи кишварро ба шакли ҷумҳурии президентӣ муайян сохт.

      Дар идомаи чорабинӣ Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода таъкид доштанд, ки бузургдошти «Рӯзи Президенти Тоҷикистон» ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд.

      Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷамеа, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин роҷеъ ба самтҳои муҳимтарини рушди соҳаи иҷтимоиёти мамлакат сухан ронда, афзуд, ки мо ин рӯзро ҳамчун арзиши ҳокимияти олӣ, дар баробари Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва кулли санаҳои масъуд қайд мекунем. Ин аст, ки «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

      Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар мавзӯи “Президент - поягузори ислоҳоти ҳуқуқию маънавии ҷомеа” баромад намуда, ишора кард, ки интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ маънои нав бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат, институти илмӣ ва сарҷамъии миллат табдил дод. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд.

      Дар идомаи кори конфронс маърӯзаҳои Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Идизода Файзалӣ Фузайлшо дар мавзӯи “Нақши Президенти Тоҷикистон дар ташаккул ва такомули бовусъати Парлумони касбӣ дар мамлакат”, намояндаи доимии ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов дар мавзӯи “Президенти Тоҷикистон – асосгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва уфуқҳои байналмилалии кишвар”, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ходимони намоёни давлатӣ Гулафзо Савриддинова ва Ғайбулло Авзалов, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот дар мавзӯи “Саҳми беназири Президенти Тоҷикистон дар рушди инноватсионии иқтисодиёт ва нерӯи инсонӣ”, мудири шуъбаи масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва номзади илмҳои филологӣ Зиёев Субҳиддин дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар густариши он» шунида шуд.

      Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ иброз доштанд: - истиқлол неъматест, ки ба қадри он расидан вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини Тоҷикистон мебошад. Истиқлол ҳаст, ки мо давлату миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудем ва Парчами давлати соҳибистиқлоламон дар қатори ливои дигар давлатҳо дар Созмони Милали Муттаҳид парафшон мебошад. Мо вазифадор ҳастем, ки баробари фаъолияти ҳамарӯзаи хеш ба арзишҳои олии милливу давлатӣ, ба мероси гаронбаҳои ниёгон, Модар-Ватан, забони давлатӣ, Сулҳу Ваҳдат, Президенти мамлакат ва тамоми муқаддасоти Тоҷикистони соҳибистиқлол арҷ гузорем.

   - Мо - аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти маҳбуб ва Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлоли давлати миллии мо меҳисобем.

    Дар идомаи конфронс ба нишони эҳтиром ва иродату самимият аз номи ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Осорхонаи Қасри Арбоб дар вазъияти тантанавӣ армуғони хоса тақдим гардид.

      Бо далели натиҷаҳои назаррас дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб шумораи муайяни аъзои фаъол ва ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони шоистаю маҳбуби вилоят кори конфронсро ҷамъбаст намуд.

     Боиси хушнудист, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти халқи сарбаланди мо марҳалаи нави пешрафтҳо, ободкориҳо ва созандагиҳо асос гузошт. Ин тантанаҳои шодиву сурур давраи худсозиву худафрӯзӣ ва кӯшиши навбатии миллат барои расидан ба зиндагии шоиста арзёбӣ мегардад.

Барои ҳар як аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якдилӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бузург буда, баргузор намудани чунин конфронсҳои фарогир ва қадрдонии онҳо аз ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маънидод мегардад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳар фарди худогоҳу ватандӯстро водор менамояд, ки дар зери Ливои Ватан бо ҳам оем ва баҳри он бикӯшем, ки дар партави сиёсати бобарору созандаи Президенти маҳбуби мамлакат, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон пешравиҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба амал оянд.