Мунтазам гузаронидани  мулоқоту вохӯриҳо дар ҳошияи “Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар  Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, хостан бо занону духтарон ба ҳукми анъана даромадааст.

         Бо ташаббус ва ибтикороти Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар  ташкилотҳои ибтидоии “Исмат Алихонов” ва “Ҳунарманд” таъсис ёфтани ду маҳфил- “Духтарони гулдӯз” ва “Гулдухтарони ҳунарманд” аз он шаҳодат медиҳад, ки нуктаҳои мубарами Паёми Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амал роҳандозӣ мегардад.

         “Ҳунаромӯзӣ ва ҳунармандӣ як василаи хуби истироҳат ва бой гаштани хазинаи оила маҳсуб ёфта, дар рушду такомули шахсият, тарбияи меҳнатдустӣ таҳаммул пазири зебоиписандиву зебоипарасти заминаи мусоҳид фароҳам меоварад,- мегӯяд дар сӯҳбат муовини ташкилоти ибтидоии “Ҳунарманд” Сабоҳат Муҳаммадҷонова, - калиди хушбахтии инсон меҳнат аст. Маҳз меҳнату меҳнатдӯстӣ, ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ барои рушди комили Инсон заминаҳои воқеъӣ ба вуҷуд меорад”