Таҳти унвони «Истиқлолият неъмати бебаҳост» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сарраёсати омори вилояти Суғд» чорабинии идона бахшида ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шахомати хоса баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Хокимбек Накхатзода аҳли ҳозиринро бо истиқболи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун табрику тахният намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ кормандони фаъол ва пешқадами мақомоти омори Сарраёсат ва раёсату шуъба, бахшҳои мақомоти омори махаллӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.