Ҷомеаи меҳнатии кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” бо назардошти вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, ки  бемории сироятӣ (COVID-19) доман паҳн кардааст, дар баробари риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, ба тозаву покиза нигоҳ доштани муҳити атроф ва ободкорӣ саҳми мунир мегузоранд. Дар доираи ин тадбирҳо ва дастури кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷойи корӣ шанбегӣ доир гардид. Тамоми роҳраву саҳни биноҳои таълимӣ, ҷуйбору гирду атрофи боғҳо тозаву озода гардонида шуда, полезҳо аз алафҳои бегона поккорӣ шуданд.

Қобили тазаккур аст, ки дар иҷрои ин амалҳои меҳнатдӯстона саҳми ҳизбиёни ташкилот хеле калон аст.  Устодон ва шогирдони ташкилот ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки корҳои ободонию бунёдкориро идома бахшида, дар гулгулшукофии кишвари биҳиштосоямон саҳм мегузоранд.