Санаи 2 апрели соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Хуҷанд мудири шўъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҳусейнхон Охунҷонов ва мутахассиси  шўъбаи таблиғоту ташвиқоти кумиҷроия Олимҷон Норматов бо хонандагони синфи  10-11, дар мавзўи “Мо ҷавонони даврони Истиқлолият бар зидди терроризму экстремизм муборизаи беамон хоҳем бурд» мулоқот доир  намуданд.

Аз тарафи хонандагон якчанд саволҳои гуногун пешниҳод карда шуд ва ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.