Мутобиқ ба иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии кумитаи давлатии амнияти миллии   2-юми декабри соли 2017, соати 19-у 10-дақиқа, дар минтақаи  дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шурообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) ҳодисаи ба таври мусаллаҳона ва ғайриқонунӣ аз сарҳад  гузаштани қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ гардид, ки воқеан ин диловариву садоқати сарҳадбонони тоҷик равшангари возеҳи  эҳсоси баланди ватандўстии онҳо ба шумор мераванд. Ҳарчанд марзшикнони мусаллаҳ мехостанд бо зўри силоҳ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш талош намояд, аммо ҷавонони далери тоҷик, сарҳадбонони ватандўсти мо сина сипар намудаву дар муқобили ниятҳои нопоки онон ҳатто ҷони худро барои ҳифзи ватани азизи хеш дареғ надоштанд.  Поймардиву диловарӣ ва ҷавонмардии ин отряди  шомили ҷавонони бо нангу номуси Ватан буд, ки ҳодисаи марзшиканӣ пешгирӣ карда шуда, сарҳадбонони ватанпарвар нагузоштанд, ки қочоқҷиён ба мақсад бирасад.

Дар натиҷаи ин ҳодиса, ҷавонмарди бонангу ори Ватан, cардори отряд полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович дар ҷараёни амалиёти қаҳрамонона ҳалок гардида, чаҳор нафар сарҳадбонон захмӣ шуданд. Ҳарчанд ин ҷавонмарди далеру шуҷои Ватан ҷони худро аз даст дод, аммо бо ҳисси баланди ватандўстиаш гўё қаҳрамонии чеҳраҳои диловари солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Александр Матросов ва Тўйчӣ Эрйигитовро, ки сина дар муқобили душман сипар намуданд, такрор намуд. Ў аз пайкари тануманди хеш барои ҳифзи хоки Ватан дар муқобили душманон девори бузурге бунёд намуд, ҳамроҳ ба ҳамсангарони хеш нагузошт, ки душман ба қасди ҳадафҳои нопок ва номатлуби хеш бирасад. Агарчӣ ҷони худро аз даст дод, аммо девори мустаҳками вуҷуди қаҳрамонаш тири ҳадафҳои нопоки душманонро бо хок бурд. Ба ибораи дигар, қочоқбарон натавонистанд, ки тири иродаву

Талош ва ҷавонмардии ҷавонони шуҷои Ватан боис шуд, ки се нафар қочоқбари афғон безарар гардида, боқии онҳо ба қаламрави Афғонистон паноҳ бубаранд.

Воқеан, корномаи сардори отряди мазкур, полковнк Аҳтамов Хайриддин Талбакович барои ҷавонони имрўз, бахусус хонандагону донишҷўён дарси ибрат ва сабақи мардониву  маърифати ватандўстӣ ба шумор меравад. Ў барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватани азиз ва пешгирии гурўҳи қочоқчиён ҷони худро аз даст дод ва аз худ диловарие нишон дод, ки барои тамоми мардуми кишвари мо дарси бузурги мардонагиву диловарӣ ва ватандўстӣ буда, аз он паём мерасонад, ки имрўз нерўҳои бадхоҳ ва сиёҳкор наметавонанд ба оромишу осоиштагии мардуми мо халал расонанд.

Мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама аз он шукргузор ҳастанд, ки воқеан тавассути ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар фазои орому осуда ҳукмфармост. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, хоса нерўҳои марзбонии кишвар аз  ҳисоби ҷавонони бонангу ор ва баномуси ватандўст  мукаммал  шудаанд, ки дар ҳар лаҳзаву ҳар соат  барои дифоъи Ватани азизи хеш омода ҳастанд. Давоми солҳои охир мо шоҳиди он ҳастем, ки тавассути мардонагиву шуҷоати ҷавонони бонангу ор, сарҳадбонони ватандўсти мамлакат чандин аз чунин кўшишҳои қочоқбарон пешгирӣ гардида, мисли полковник Хайриддин Аҳтамов чандин нафар аз дигар сарбозони бонангу ори Ватан дар роҳи таъмини фазои осудаи кишвар ва ҳаёти пурнишоти мардуми азизи хеш ҷоннисорӣ кардаанд. Боварии комил дорам, ки корномаи Хайриддин Аҳтамов солҳои сол чун рамзи барҷастаи мардонагӣ ва достони безаволи ватандўстии як тан фарзанди диловари тоҷик дар дилу дидаи мардуми тоҷик боқӣ монда, барои наслҳои  фардосози Ватан чун андарзи матонат, ҷасорату ватандўстӣ пайваста сари забонҳо ҷорӣ шуда, ба онҳо дарси ватандорӣ, инсондўстӣ хоҳад омўзонид. Ин ҷавони шуҷоъ ва  соҳибватан бо нишони ин қаҳрамонии бемисл барои тамоми мардуми хеш собит кард, ки воқеан ватандорӣ ва ва эҳсоси баланди инсондўстӣ, муҳаббату ихлос ба обу хоки диёри азизи хеш нишонаи барҷаста ва бузурги соҳибимонии одам  ба шумор меравад:

                   Ватан дар дашти паймон аст, эй дўст,

                   Савори асби армон аст, эй дўст.

                   Биё, мо ҳам ба рахши дил нишинем,

                   Ватандорӣ аз имон аст, эй дўст.

Мо низ дар навбати хеш вазифадор ҳастем, ки тавассути тарғиби корномаи диловаронаи чунин фарзандони ватандўст дар миёни насли имрўз, хоса ҷавонону донишҷўён дар амри поси хотираи неки онҳо иқдом намоем.

                                                                             Нуралӣ Нурзод

                              дотсенти кафедраи адабиёти классики тоҷик, аъзои ҲХДТ