Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имрўзҳо бахшида ба фарорасии иди саиди Рамазон ва 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ҳамаи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони халқ ва фаъолони ҳизб аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву танҳо, ятимону бепарасторонро ба роҳ мондаанд.

Дирӯз дар доираи ин иқдом аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Шоира Бузурукова ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликислом Наим Мунаввар ба зиёда аз 17 нафар истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Тиллокон ва Темурмалики шаҳри Хуҷанд кӯмакҳои рамазонӣ расонида шуд.

Дар навбати худ аёдатшудагон ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша аз ин ғамхориҳо бархурдор ҳастем.