Даст ба амали хайру савоб задан аз суннатҳои неки тоҷикон ба шумор меравад. Дар арафаи ин ё он ҷашнҳои миллӣ аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор аҷру савоби бештар дорад. Яке аз самтҳои фаъолияти ҲХДТ  дастгирӣ ва нигоҳи нек доштан ба ин қишри ҷомеа мебошад. Дар арафаи иди Соли нав кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба аёдати якчанд нафар сокинони шаҳр баромаданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наим Маликисломӣ ва кормандони дастгоҳи кумиҷроия шахсан аз ҳолу ахволи ниёзмандон пурсон гардида, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва  ба онҳо кӯмакҳои хайриявӣ намуданд.

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлат ва ҳизб аёдатшудагон шукронаи тинҷиву амонии кишварро намуда, афзуданд, ки ҳам мақомот ва дигар сохторҳои давлатӣ пайваста аз аҳволи онҳо хабардор мешаванд.

             Бо дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, вакилони халқ, соҳибкорону саховатмандон, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аз ҳисоби маблағҳои Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд дар арафаи соли нави мелодии 2018 зиёда аз 460 нафар шахсони яккаву танҳо, ниёзмандон ва собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд.

             Ҳамзамон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар театри давлатии тамошобини ҷавон ба номи «Одилҷон Назаров»-и шаҳри Хуҷанд барномаи солинавӣ доир карда шуд ва дар он 400 кӯдакони оилаҳои ниёзманд ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ ширкат варзида болидахотир гаштанд.

             Аз тарафи аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар миқёси шаҳр зиёда аз 6000 ҳазор сокинон бо фарорасии соли нави мелодии 2018 табрик карда шуда ба онҳо варақаҳои табрикотии кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим карда шуд.