Дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон аз баракати хиради азалии миллати бостони мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири миннбаъдаи халқи тоҷик гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид. 27 июни соли 1997 рӯзи пурфайзи таърихӣ, ормони чандинсолаи халқи тоҷик ба воқеият табдил ёфт ва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояити миллӣ ба имзо расид.

Ҷашни ваҳдати миллӣ имсол ба 28- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 25 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рост омад, ки басо рамзист. Зеро ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавъманд буда, беҳбудии рӯзгори мардум, рушди ҷумҳурӣ аз мақсадҳои ниҳоӣ маҳсуб меёбад.

Бахшида ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ХҲДТ, аъзоёни  ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан”, бонувони фаъоли ҳизбӣ субҳи имрӯз бо ҷалби васеи аъзоёни ҳизб аз кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ  ва ташкилотҳои ҳизбӣ аксия таҳти унвони “Дирафши мост ҳизби халқ” доир намуданд. Ҷамъомадагони чорабинии мазкур дар даст парчами миллӣ ва ҳизбӣ тавассути роҳпаймоӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд варақаҳои тарғиботию шумораи махсуси нашрияи “Шафақ”- ро  ба сокинон тақсим карданд.Ҷавонони фаъол бо хушнудии том шеърҳои ватандӯстиро зери лаб тараннум намуданд. Аз чеҳраҳои сокинон маълум буд, ки мардуми ваҳдатшиори мамлакат аз сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаноатманд буда, бо шукрона аз тинҷиву ободии кишвар пайи меҳнати халолу босуботанд.