Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҳизб ва дар асоси протоколи №8-и машварати назди Раиси шаҳри Хуҷанд Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро бо ҷавонони шаҳр оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм ва барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда истодааст.

Чунин мулоқот имруз 13 март бо донишҷӯёни Қоллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ҷавонони маҳаллаи Суғдиён доир карда шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ёрдамчии калони Прокурори шаҳр Ҷалолзода Баҳриддин Ғоибназар, ваколатдори калони оперативии Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шараф Ҷабборов ширкат карда бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад намуданд.