Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти умумии №16 ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои номатлуб мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷрояи   ҲХДТ  Заррина Манонова ва  мудири шуъбаи кор бо  ҷавонони кумиҷроия Эҳсон Исоев бо ҷомеаи меҳнатии ин муассиса доир гардид.

Дар баромади Эхсон Исоев таъкид шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат ва аз они худ кардани ваколатҳои он мебошад.

Сипас зимни баромади хеш аз нақш ва мақоми ҷавонон дар пойдории давлатии миллӣ сухан ронда, дар ин росто таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”- ро амри зарурӣ шуморид. Зимнан таъкид шуд, ки аъзо шудан ба сафи ин ташкилот шараф ва номус аст. Ӯ аз хатмкунандагон даъват ба амал овард, ки бо корҳои неку шоиста дар пешрафти кишвар саҳми худро гузоранд. 

Заррина Манонова аз Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” дар мавриди истифодаи самараноки нерӯи барқ ёдовар гардида, афзуд, ки бо сабаби камбориш омадани сол сатҳи захираи об дар нерӯгоҳҳо дар қиёс ба солҳои пешин камтар аст. Бо вуҷуди ин давлат ва Ҳукумати кишвар баҳри самаранок истифода бурдани он шуруъ аз санаи 10 декабр маҳдудияӣи барқро аз байн бардошт. Истифодабарандагонро лозим меояд, ки фарҳанги истифодабарии нерӯи барқро риоя намуда, барои сарфакорона истифода бурдани он кӯшиш намоянд.

Сипас, миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо доир гардид.