Ҳамасола ба муносибати Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар тамоми муассисаву ташкилотҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба насли созанда чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву иҷтимоӣ доир мегарданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро фардои ин миллат номида, дастгириву роҳи васеъ кушодан ба илму фанновариҳо барои кӯдаконро рисолати ҳар як шаҳрванд ҳисобидаанд. Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ мусоидат намудан ба шароиту таҳсили кӯдаконро аз вазифаҳои аслии ҳизбиён шумориданд. Бо мақсади роҳандозии чунин тадбирҳо имрӯз дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Гулбоғи зиндагӣ» доир шуда, 22 нафар толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, ки ятиму кулланд сари хони густурда ҷамъ карда шуданд. Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов табрикоти роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба кӯдакон расонида, баён дошт, ки давлату Ҳукумати кишвар ва ҲХДТ ҳеҷ вақт кӯдакони ятимро дар чорсӯи зиндагӣ танҳо намегузорад, балки барои беҳтарсозии шароити таълиму тарбия ва зисти онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Кӯдакон дар васфи Ватан- модар шеърҳо қироат намуда, ваъда доданд, ки бо хонишу рафтори намунвавӣ парчамбардори кишвар хоҳанд шуд. Дар қисмати фарҳангӣ суруду рақсҳои дилошӯб аз ҷониби санъаткорони касбӣ иҷро карда шуд. Ин чорабинӣ то дергоҳ дар лавҳи хотири аҳли нишаст боқӣ хоҳад монд. Дар охир аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳар як кӯдаки дар чорабинӣ ширкатдошта тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим карда шуд.