Дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқи  Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Арзи миллӣ" (шуъбаи минтақавии бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд) дар хонаи пиронсолони шаҳр дастурхони идона ба омода намудани оши палов ороста шуд.

Дар чорабинӣ раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Наим Маликисломӣ ва намояндаи шуъбаи минтақавии бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳафиз Исматов ширкат варзида, бошандагонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуданд.