Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар кумитаи маҳаллаи «Раззоқ» бахшида ба 20-солагии қабули «Сарқонун»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сокинони маҳалла бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси Комиҷроия Наим Маликисломов ҳамаи истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкурро ба муносибати 20-солагии қабули «Сарқонун»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва сокинони маҳалларо даъват намуд, ки оид ба иҷроиши қонунҳои амалкунанда саҳми босазои худро гузоранд.