Дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 27 октябри соли 2016 таҳти №120 «Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаҳои интихоботии Ситора №13 ва Хуросон №29 имрӯз санаи 18 декабри соли 2016 дар ҳудуди маҳаллаҳои Бофанда ва Суғдиёни шаҳри Хуҷанд интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаҳои интихоботии зикршуда баргузор гардида истодааст.

Фазои участкаҳои интихоботӣ орому босубот буда, мардум бо руҳияи болида ба интихобот омада истодаанд.