Санаи 8 июл чорабинии асосии Рӯзи маъюбон дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоб бо шаҳомати хоса баргузор карда шуд, ки дар он 350 нафар маъюбону пиронсолон иштирок намуданд. Чорабинӣ бо доир намудани хатнасури 26 нафар кӯдакон, аз ҷумла 5 нафар кӯдаки маъюб ва 21 нафар тифлакони аз оилаҳои маъюб оғоз ёфт. Тӯйи суннатии кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардида, нишони дастгирии ин табақаи ҷомеа аз ҷониби давлату Ҳукумат мебошад. Ин табақаи эҳтиёҷманди чомеаро ба муносибати ҷашнашон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таҳният гуфт. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар маркази сиёсати Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад ва натиҷаи ҳамин сиёсати инсонгароёна аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои соҳа, аз қабили марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва мактаб-парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят тамоми шароитҳои зарурӣ барои зиндагӣ ва кору истироҳати қишри ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шуда, аёдати онҳо дар арафаи иду айём ба таври мунтазам ба роҳ монда мешавад. Иштирокчиёни чорабиниро ҳамчунин раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони ҷумҳурӣ Асадулло Зикрихудоев бо рӯзи ҷашнашон таҳният гуфт ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба хона-бепаноҳмондагони вилояти Суғд туҳфаи хотирави тақдим кард. Ҷашни Рӯзи маъюбони вилоят бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ идома ёфт, ки дар он санъаткорони шинохтаи вилоят ва маъюбони боистеъдод табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои ҷаззоб болида гардониданд.