Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд чун воҳиди сохтори Ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ, баҳодиҳии мутобиқат ва таъмини метрологӣ ва қоидаҳои савдо сиёсати Ҳукумат ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, нақши худро дар амалӣ гардонидани ҳадафхои созанда ва бунёдкоронаи мамлакатамон мегузорад.

Санаи 19 январи  соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сифат”  вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва директори Маркази Тоҷикстандарт  дар вилояти Суғд Мухиддинов Ғайбулло Хайруллоевич ширкат варзида, оиди нуктаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуда, зикр намуданд, ки  дар марҳилаи ҳозираи таърихӣ арзишиҳои миллӣ аҳмияти махсус пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстию  ватанпарастӣ, худшиносӣ , меҳнатдӯстӣ омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, истифодаи самараноки иқтидорӣ зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа буда, масълаҳои муҳимтарини ҷомеа маҳсуб меёбанд.