Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи баргузории аксияи вилоятии «Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?» дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо фаъолон ва аъзоёни ҳизб вохӯриву баргузор гардида истодааст.

Субҳи имрӯз 25-уми майи соли равон чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Бақои зиндагӣ” дар назди Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, ки дар он  мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ғуфронҷон Шарипов, аъзои гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи шаҳр  Абдумавлон Азимов ва сардухтури маркази мазкур Рустам Шарипов иштирок ва оид ба  мавзӯъҳои дар боло зикргардида баромад  карданд.

 Дар фарҷоми вохӯрӣ якчанд нафар ҷавонони фаъоли ҳизб бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз карда шуданд.