Ташкилоти ибтидоии «Темурмалик» - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамеша ва мунтазам дар амалӣ сохтани ташаббусу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас дорад.

Санаи 7 октябри соли 2017 дар ташкилоти ибтидоии «Темурмалик» тибқи нақшаи ташкилоти мазкур дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» бо соҳибхоназанҳо сӯҳбатҳои машваратдиҳӣ, вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

Бонувони хонашин аз сӯҳбату мулоқотҳои ташкилоти ибтидоии Кумитаи маҳаллаи «Темурмалик» ва намояндагони он Зарринахон Нормаҳмадова ва Матлубахон Норхоҷаева баҳраҳои зиёд бардоштанд. Аз Қонуни мазкур, ки фаровонии рӯзгорро таъмин намуда, моро ба музаффариятҳо ҳидоят менамояд, ҷонибдории хешро нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарвари онро Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда доранд, баён намуданд.