Дар арафаи ҷашнгирии 72-умин солгарди иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки бо ҳамдастии ташкилотҳои ибтидоӣ ҳамаи 11 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намоянд.

Чунончи мудири шўъбаи назорат ва умумии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Махсудҷон Абдугафуров ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд» Дилдора Ҳалимова иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини кӯчаи Хушбахтии шаҳри Хуҷанд Қосим Мирзохоновро аёдат намуда, ба ӯ  маводҳои хӯрока дастрас намуданд.

Қосим Мирзохонов зимни сӯҳбат аз дастгирию ғамхории давлат ва ҳукумат изҳори шодмонӣ намуда, бори дигар аз рӯзҳои дар ҷанг будааш ёдовар шуда, қайд кард, ки бояд насли имрӯз аз тинҷиву амонӣ ва сулҳу суббот шукрона намуда, паи ободии диёр шаванд.