Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси навбатии Ситоди «Обуна-2016» баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур аъзоёни ситод иштирок намуданд. Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳамаи аъзоёни ситодро аз рафти иҷрои нақшаи обуна пурсон шуда, аъзоёни ситодро вазифадор намуд, ки баҳри иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои мазкур фаъолона ширкат варзанд ва саривақт ба кумиҷроия оиди рафти иҷроиши нақшаи тасдиқгардида маълумот пешниҳод намоянд.