Бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, намояндаи Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Халилзода Набиҷон, аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ, фаъолони ҳизб дар маҷлисгоҳи кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатӣ  баргузор гардид.

Чорабиниро раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, ҷамъомадагонро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.

Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади хеш Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу эзоҳ дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат фарогири тамоми паҳлӯҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, маънавиву фарҳангӣ буда, он дар асоси далелу фактҳо таҳлилу баррасӣ гардида, ҳамчунин вазифагузориҳо барои оянда тарҳрезӣ гардиданд. Агар дар Паёмҳои пешин Пешвои миллат борҳо аз ҳодисаҳои солҳои навдуми асри гузашта ёдовар шуда, зарарҳои моливу иқтисодӣ ва муҳимтар аз ҳама шикастагии руҳияи мардумро дар он солҳо зикр мекарданд, пас имсол аз он изҳори ташвиш намуданд, ки вазъияти ноороми ҷаҳони муосир боиси паст рафтани сатҳи зиндагӣ дар беш аз 30 давлатҳои ҷаҳонӣ гардидааст.

Ва Тоҷикистон наметавонад дар ин маврид бетарафӣ зоҳир намояд. Яъне, вусъат ёфтани ҷараёнҳои терорризму экстеремизм, азхудкунии моликияти як давлат аз ҷониби давлати дигар хатарҳои зиёд ба бор овардааст. Ба андешаи Сарвари давлати тоҷикон танҳо сарҷамъ будан, бетарафи зоҳир накардан метавонад давлатҳоро аз ин бӯҳрон берун барорад.

Яке аз нуктаҳое, ки дар Паём ишора гардид,  ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва то кадом андоза пешрафти корхонаҳои саноатӣ дар мавриди гузаштан аз кишвари аграрӣ ба мамлакати агроиндустриалӣ мебошад. Бо вуҷуди боло рафтани суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 дарсад ва ба ҳаҷми 60 миллиард сомонӣ баробар шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳанӯз дар ин самт корбарӣ идома дорад.

Мо сол то сол эҳсос карда истодаем, ки сатҳи зиндагиамон боло рафта истодааст. Ин нишонаи он аст, ки давлат пайваста ба аҳолӣ ғамхорӣ намуда истодааст. Тавре дар Паём омадааст, дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 дарсад ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 дарсад зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 дарсад афзоиш ёфт.

Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 дарсад, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 дарсад низ таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 дарсад нигоҳ дошта шуд.

Мавсуф ҳамчунин дар бораи ташаббуси навбатии Сарвари давлат вобаста ба неъмати бузурги табиӣ - об, масъалаи амнияти Афғонистон, нишонидиҳандаҳои макроиқтисодӣ, афзуншавии маҳсулоти саноатӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ки дар Паём қайд шудааст, назди ҳозирин баромад намуда, таъкид дошт, ки 61 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд низ имрӯз дар давлатҳои Ироқу Шом бинобар гумроҳӣ ва кутоҳандешӣ дар майдонҳои набарданд.

Маликисломӣ Наим Мунаввар дар баромадаш зикр сохт, ки маҳз оромии ҷомеа сабаб шуд, ки имрӯз сатҳи зиндагии сокинон боло равад. Мавзӯи меҳварии Паём таъмини зиндаги шоиста ба  сокинон маҳсуб шуда, ба андешаи Сарвари давлат бояд миллати солим ғизои солим истеъмол намояд. Таъсиси се сохтори нав вобаста ба назорат ва воридоти маҳсулот фикр мекунам, ояндаи наздик барои боз ҳам хубтар шудани талаботи моддии сокинон мусоидат менамояд.

Дар идомаи кори ҷаласа аъзоёни комиҷроия санаи баргузории  даъвати конференсияи 20 –уми ғайринавбатиро вобаста ба пешниҳоди номзадии вакил бар ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи вилоятии “Бофанда-2 ” тасдиқ намуданд.

Конференсияи ғайринавбатӣ санаи 19 январ доир мегардад.

Бо ҳамин кори ҷаласа хотима ёфт.