Ҳамдиёрони азиз,
Ҳамсафони гиромӣ!
Фаро расидани Иди саиди фитр, ки ҷашни саховату каромат, ҷавонмардӣ ва сабру таҳаммул аст, бароятон шодбош мегӯем. Орзуманди онем, ки хонаи обод ва саодати рӯзгор насибатон бод. Ин ҷашни мубораки мусулмониро мо дар марҳилае таҷлил менамоем, ки кишвари мо ба монанди дигар давлатҳо пешорӯи мубориза ба бемории сироятии коронавирус - COVID -19 қарор дошта, аз ҳар сокинини кишвар сабру таҳаммул, масъулиятпешагиву покизаназариро тақозо дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷомеаи кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза ба ин беморӣ бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ саҳмгузор бошанд. Ва таъкидан баён доштанд: ” Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем. Ман дар суханрониҳои худ борҳо гуфтаам ва имрӯз бори дигар такрор мекунам, ки зиндагӣ аз рӯзи таваллуд то дами вопасини умри инсон мубориза аст. Дар ин мубориза шахсе дастболо мешавад, ки иродаи қавӣ ва умед ба фардо дошта, ақлу заковат, донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро истифода мебарад”.
Воқеан ҳам дар тӯли таърих мо борҳо аз имтиҳони сахту сангин гузаштаеам ва ин бор хам бо такя аз нерӯи хиради мардум хоҳем гузашт. Танҳо моро мебояд, ки якдилу сарҷамъ бошем, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро бо сухан не бо амали худ татбиқ намоем. Дар пайрави аз иқдомҳои халқпарваронаашон миёни мардум бошем аз мушкиливу муаммоҳои онҳо огоҳ бошем.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар ва ҳизб, роҳнамоиҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Матлубахон Амонзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар ин рӯзҳои муқаддас аёдати 1370 нафар оилаҳои камбизоат, бесаробмонда, ятиму шахсони имконияташон маҳдудро ба роҳ монд. Эҳсону хайркорӣ миёни ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони мардумӣ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд.
Чунин амалҳои инсонгароёна дар ҳудуди шаҳр идома доранд.
Ҳамдиёрони азиз, ҳамаи Шумо ва кулли мусулмонони дунёро бахшида ба ин рӯзи муборак табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати беҳисобро орзу менамоям.
Иди саиди фитр муборак!