Дар ҳошияи вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавириус  - COVID – 19 гуруҳе аз кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо усули хона ба хона шаҳрвандонро ба риояи гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, риояи фосилавии муошират, бе зарурат ба кӯча набаромадан даъват намуданд.

Таъкид карда шуд, ки шуруъ аз санаи 15 июн бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ тамоми муассисаҳои маишӣ, марказҳои азими хӯрокворӣ, ба таври муқаррарӣ ба  фаъолият шуруъ намуданд. Ин тадбир боиси афзудани шаҳрвандон дар кӯча мегардад. Аз ин хотир зимни ба кӯча баромаданд бо худ пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ ва ҳангоми муошират фосиларо нигоҳ доштан ҳатмист.

Зимни вохӯриҳо ба сокинон муроҷитатнома ва маводҳои тавсиявӣ, ҳамзамон ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон дода шуд.