8 декабри соли 2017 тибқи нақшаи кории Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» - и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ, бо мақсади пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терроризмию экстремистидошта дар маҷлисгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ таҳти унвони «Созандагони Ватан муқобили терроризм» мулоқоти судманд бо ҷавонон баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ, сараввал Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов ҳамаи иштирокчиёнро аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо 23-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрик намуд.

Мавсуф дар маърӯзаи худ баён дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат ва аз они худ кардани ваколатҳои он мебошад.

Сипас, Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Акбарзода Маъруф даъват ба амал овард, ки гурӯҳҳои террористӣ бо ҳар восита талош меварзанд, ки дар мафкураи насли наврасу ҷавон андешаҳои носолимро талқин намуда, ба ин васила битавонандфазои сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар дилхоҳ кишварҳои амну ором халалпазир созанд. Зеро чунонеки ҳамагон медонанд наврасону ҷавонон навниҳолоне мебошанд, ки ояндаи дилхоҳ давлату ҳукумат аз сабзиши онҳо сахт вобастагӣ дорад.

Баъдан, музокирачиён Мӯҳсинзода Фаридун ва Ойша Вазирова баромад намуда, фикру андешаҳои худро дар мавриди пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷомеа ва хусусан ҷавонон иброз доштанд.

Дар охир миёни иштирокчиёни машваат саволу ҷавобҳо доир гардид.

Бо ҳамин чорабинӣ ба кори худ хотима бахшид.