Ба ифтихори эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина огоҳии бештар пайдо намудани ҷавонон аз нуктаҳои Паёми роҳнамои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборизаи беамон бурдан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ вохӯрии мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мирзоқосим Каримов ва  устоди ДДҲБСТ Ботурҷон Олимов бо донишҷӯён доир гардид.

Фаррух Аминов, муовини директор оид ба тарбия чорабиниро  оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки пояи устувори давлатӣ аз тинҷиву осоиштагӣ ва ваҳдату ҳамдилии сокинон сарчашма мегирад. Он ҷангҳое, ки имрӯз дар шарқи наздик ва умуман олами ислом рух дода истодаанд, маҳз аз набудани идеяи миллӣ ва нофаҳмиҳои байни табақаҳо мебошад.

Имрӯз шукр, ки кишварамон тинҷу обод аст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатамон сол то сол пеш меравад. Мирзоқосим Каримов дар баромади хеш аз дастгириҳои давлат ва ҳукумат нисбати ҷавонон ҳарф зада, аз ҷумла таъкид дошт, ки аз шумори 13 муассисаҳои олии даврони пеш аз истиқлолият то ба 39 адад расидани донишгоҳу донишкадаҳо худ далолати он аст, ки имрӯз роҳбарияти давлат такя ба  ҷавонон мекунанд. Аммо бо вуҷуди чунин ғамхориҳо ҳанӯз иддае аз ҷавонон ба моҳияти аслии дину диндорӣ сарфаҳм нарафта, мехоҳанд ба ин ё он ҳизбу ҳаракатҳо шомил шуда, садоқаташонро нишон диҳанд. Номбурда аксари размандагони тоҷикро, ки имрӯз дар майдонҳои набарди Сурия  ва дигар давлатҳо ширкат меварзанд, гумроҳшудагон номида, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки қисмати талхи чунин ҷавонон ба онҳо дарси ибрат бояд бошад.

Дар баромади Олимов Ботурҷон низ аз дастгириҳои давлат ва ҳукумат нисбати ҷавонон шунида шуда, ӯ дар гузоришаш зикр сохт, ки бояд ҷавонони имрӯза ба қадри тинҷиву оромӣ, шароити хуби таҳсил расанд ва ба ҷои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳо аз паи навовариву навҷӯиҳо шаванд, зеро ҷаҳони муосир ба суръати кайҳонӣ пеш меравад ва иқтидори ҳар давлат аз чигунагии кадрҳои соҳибтахассусаш вобастагии калон дорад.

Сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш» Абдусабури Абдуваҳҳоб дар маърӯзааш зикр сохт, ки ҳанӯз моҳи ноябри соли 1999 парлумони кишвар қонун дар бораи «Мубориза бо терроизм»-ро қабул карда,  санаи 30 марти соли 2006 фаъолияти якчанд ҳизбу равияҳо аз қабили «Алқоида», «Ҳаракати Толибон», ташкилоти «Бародарони мусулмон», Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ, Ҳизби исломии Туркистон, Ташкилоти «Лашкари Тайиба», ташкилоти «Гурӯҳи исломӣ» ҷамъияти Таблиғ, ташкилоти мубаллиғию динии «Созмони таблиғ», ташкилоти «Тоҷикистон озод», ҳизбуттаҳрир, ҷараёни Салафия дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда буд. Бо гузашти вақт  боз ҳизбу ҳаракатҳои дигаре ба майдони сиёсат омаданд, ки ҳадафшон халалдор кардани оромии ҷомеа мебошад ва давлат ба хотири амнияти марзу бумаш фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, гурӯҳи 24, Ватандорро  дар қаламрави кишвар манъ намуд.

Фаррух Аминов ҳозиринро бовар кунонд, ки ҷомеаи тифоқу муттаҳиди донишкада минбаъд низ барои таълиму тарбияи насли худогоҳи миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.