Ҷаҳонишавии тамаддунҳо, рӯ овардан ба фарҳанги бегона, тақлид ба расму оинҳои ғайр барои гумроҳшавии ҷавонон заминаи мусоид мегузорад. Мазҳ чунин кӯтоҳандешӣ ва гаравидан ба андешаҳои ғайр боис шуда истодааст, ки имрӯз теъдоди зиёди ҷавонони бешуғл шомили гурӯғҳҳои иртиҷоӣ мегарданд. Зуҳури ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан” маҳз сарҷамъ намудани ҷавонон дар атрофи идеям миллӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ мебошад.

Бо ин мақсад роҳбари ташкилотим ҷамъияти ҷавонони “Созандагони Ватан” мунтазам дар ҷойҳо бо ҷавонон сӯҳбату мулоқотҳо доир намуда, ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистонро ҷиҳати қадршиносии аз ҷавонон мерасонанд. Дирӯз мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия  Олимҷон Норматов бо чанде аз ҷавонони фаъоли кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Муҳаммад Осимӣ  дар ин бобат мулоқот намуда, барои густариши ҳамкорӣ бо ҷавонон таклифу пешниҳодҳои судманд дод. Дар ҷавоб ҷавонон ваъда доданд, ки бо хонишу рафтори намунавӣ дар баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон саҳм мегузоранд.