Бо ширкати аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии назди кумиҷроияи ибтидоӣ, аъзоёни ҷавонони ҳизб ва фаъолон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти соли 2016 гузаронида шуд. 

           Сараввал, Ҷамшед Тӯраев ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаи якуми рӯзнома-ҷамъбасти фаъолият дар соли 2016 ва вазифагузориҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҳизб Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 5 январи соли 2017 баромад намуд.

         Сипас, раиси комиссияи кор бо ҷавонон Ҷумъабой Исоматдинов ба музокира баромада, аз дастовардҳои даврони истиқлол ва нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ, эҳсоси худшиносии миллӣ сухан намуда, ҳисоботи ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Тӯраевро қаноатбахш ҳисобид.

        Аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар идомаи ҷаласа  нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро барои нимсолаи аввали соли 2017 тасдиқ намуданд.

Дар охири кори маҷлис ба якчанд нафар шахсони арзанда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Бо ҳамин ҷаласа ба кори худ хотима пазируфт.