Дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз санаи  6 апрели соли 2017 таҳти № 48 ҷиҳати оғоз намудани маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбӣ рӯзи гузашта дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ситоди шаҳрии “Обуна -2018” ба рӯзномаҳои Минбари халқ” ва “Сухани халқ” таъсис дода шуд.

Ҳайати Ситоди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба маъракаи  “Обуна-2018” иборат аз 29 нафар буда, намояндагони ҳамаи сохторҳои шаҳри Хуҷанд дар он ҷалб карда шудаанд.

Боиси зикр аст, ки баъд аз таъсис додани Ситоди “Обуна-2018” аъзои Ситод Усмонҷон Алимов якумин шуда ба рӯзномаи “Минбари халқ” барои соли 2018 обуна гардид.