Баҳри сазовори пешвоз гирифтани 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон давоми 4 моҳи охир бахшида ба ҳаёту фаъолияти қаҳрамонони Тоҷикистон моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон» ташкилу баргузор гардиданд. Тибқи лоиҳа моҳи апрели соли равон моҳномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон ба ҳаёт ва фаъолияти фарзанди фарзонаи миллат, аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида шуда, ба ин муносибат силсилаи маҳфилу чорабиниҳо доир гардиданд. Бо ташаббуси раёсати илми донишгоҳ ва факултети баҳисобгирӣ ва андоз дар осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Б. Ғафуров конфреренсияи илмӣ дар мавзўи «Бобоҷон Ғафуров- Қаҳрамони Тоҷикистон», дар китобхонаи илмии донишгоҳ маҳфили илмӣ- адабӣ таҳти унвони «Фарзанди фарзонаи миллат» ва дар доираи лоиҳа давоми моҳи сипаришуда дар дарсҳои тарбиявӣ донишҷўён хониши осори мондагори академик Б.Ғафуров, аз ҷумла китоби оламшумул ва пурарзиши ӯ “Тоҷикон” роҳандозӣ гардиданд. Ҳамчунин санаи 19-уми май дар донишгоҳ ҷамъбасти моҳномаи Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Ифтихори тоҷикон» бо доираи ҷалби васеи устодону муҳассилини донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинии моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон» ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўрабоев нақши академик Бобоҷон Ғаффуровро дар рушди тамаддуни тоҷикон баланд арзёбӣ намуда, нуктаи авҷи фаъолияти ин олимро осори пурарзиш ва мондагори ӯ китоби "Тоҷикон" маънидод намуд. Қайд гардид, мероси Аллома Ғафуров хонандаро ба ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуда, бо таърихи гузашта ошно месозад. Дотсент Ҷӯрабек Исоматдинов дар мавзўи “Мақоми Бобоҷон Ғафуров дар худшиносии миллии тоҷикон”, директори музейи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳабибуллоҳ Холҷӯраев таҳти унвони “Бобоҷон Ғафуров дар оинаи таърих” маърӯзаҳои илмии пурмуҳтаво намуданд. Сипас, доктори илмҳои филология, профессор Атахон Сайфуллоев, доктори илмҳои таърих, профессор Назирҷон Турсунов, профессор Усмонҷон Ғаффоров доир ба ҳаёт ва фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров авндешаҳои ҷолиб баён доштанд. Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯрабоев ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳоро дар донишгоҳ пурсамар арзёбӣ намуда, афзуд, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба корномаҳои фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум ҳамчун қаҳрамонони Тоҷикистон аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакат таваҷҷўҳи махсус зоҳир гардида, фидокориҳои ин абармардони миллат, дар саҳифаҳои таърих бо хати заррин сабт ёфтаанд ва баҳри имрўзу ояндаи кишвар ва тарбияи насли созанда ба ҳайси намунаи олии хештаншиносӣ ва давлатдории миллӣ роҳандозӣ мегарданд.

www.tsulbp.tj