Дар доираи истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд аксия таҳти унвони “Мо, ҷавонон Тоҷикистони маҳбубамонро сабзу хуррам мекунем” дар боғи фарҳанги истироҳатии “Наврӯзгоҳ” доир намуд.

 Дар чорабинӣ зиёда аз 100 нафар аъзоёни ташкилот дар тозаву озода намудани ин мавзеи истироҳатии вилоят, ки макони сайру сайҳат ва ҷойи дилхушии сокинони шаҳр ва меҳмонон мебошад саҳм гузоштанд. Дар баробари меҳнати садоқатмандона ҳамчунин ҷавонон аз муассисаҳои таҳсилоти вилоят ба ҳам омада, даъват ба амал оварданд, ки чунин тадбирҳо боз ҳам зиёдтар ташкил карда шавад, зеро ин гуна иқдомҳо руҳияи ҷавононро болида сохта, онҳоро ба хештаншиносиву худогоҳӣ талқин менамояд.