Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳизбӣ ин вусъат бахшидани сафи ҳизбиён аз ҳисоби аъзо намудани шахсони арзанда ба сафи ҳизб мебошад, ки дар ин замина Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои тарғиботию ташвиқотиро дуруст ба роҳ мондааст. Дар арафаи ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10000 –умин аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд директории Маркази экспертизаи тиббии судии вилояти Суғд Фурқат Ғаниев шаҳодатномаи ҳизбӣ таҳти рақами 384444 супорида шуд.