Дар МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд тибқи ҷадвали баргузории вохўрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум бо интихобкунандагон мулоқоти вакили маҷлиси ваилони вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2" Саодат Аминҷонова бо интихобкунандагон сурат гирифт.

Саодат Аминҷонова  зими суханронии худ дар бораи татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, аз ҷумла дар муддати панҷ соли оянда ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18 сола боло, бо касбу ҳунаромўзӣ фаро гирифтани писарону духтароне, ки пас аз хатми синфи нуҳум муассисаи таълимиро тарк намудаанд, ташкили ҷойи нави корӣ, пешгирии камшавии ҷойи кор, истифодаи сарфаркорони неруи барқ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани се-чор ҳосил аз як замин, пешгирии ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, донишҷўён, омўзгорону устодон ба таълимоти динӣ, иштироки онҳо дар расму оинҳои динӣ ва тақлидкорӣ ба либоси бегона, инчунин дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ дар доираи таҷлили 30 солагии истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки ноил шудан ба ҳамаи дастовардҳои Истиқлолият бо саҳми боризи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои мардуми тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар мебошад. Татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва амалӣ гардонидани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шавад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки баъдан тақдирсоз унвон гирифт, аҳаммияти таърихӣ дошта, барои пойдории сулҳу субот ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат саҳми муносиб гузошт. Давра ба давра миллати тоҷик соҳиби конститутсия ва парламенти касбии худ гардид ва дар асоси моддаву бобҳои бахтномаи миллат мардум роҳ ба суи фатҳу кушоишро пеш гирифт.

Дар натиҷаи таъмин гардидани суботи макроиқтисодӣ даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 65,4 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд. Яъне дар бист соли охир сатҳи камбизоатӣ зиёда аз се баробар паст гардид. Дар ин давра шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион нафар то 9,7 миллион нафар, яъне беш аз 1,7 баробар зиёд шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,1 сол расид. Соли 1991 умри миёнаи сокинони кишвар 70,1 солро ташкил мекард. Суръати афзоиши миёнаи аҳолӣ дар давоми ин солҳо 2,1 фоизро ташкил кард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ 138 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд. Яъне беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Дар ҷараёни мулоқот интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии “Бофанда 2” доир ба муаммоҳои гуногуни ҷомеа ва пешниҳодоти мушаххас дар самти ободонии маҳалли зист андешаҳои хешро баён доштанд.

Бояд қайд намуд, ки чунин мулоқотҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд тибқи нақша дар дигар ҳавзаҳои интихоботӣ низ баргузор мегардад.

 

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд