Ҳимояи марзу буми кишвар қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу ор маҳсуб ёфта, дар тинати ҷавонон бедор намудани ифтихор аз Ватану ватандорӣ рисолати волидон аст. Солҳои охир ҳисси миллии сокинон, алалхусус ҷавонон баланд гардида, онҳо бо амри дилу виҷдон собитқадамона ба хизмати ҳарбӣ мераванд.

Барои хизматчиёни қисми ҳарбии 3501 баталиони якуми шаҳри Истиқлол имрӯзи тирамоҳӣ рӯзи саодат ва фараҳбахш дар лавҳашон боқӣ хоҳад монд. Зеро бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи занони фаъол, кормандони дастгоҳи кумиҷроия ва волидони сарбозон аз ин қисми ҳарбӣ дидан намуданд. Зимни шиносоӣ аз вазъи зиндагиву хизмати афсарону аскарон ҷонишини раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроия афсарону аскаронро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, афзуд, ки маҳз сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки артиши миллии кишвар ба як нерӯи тавоно табдил ёфта, амнияти кишварро таъмин менамояд. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки сидқдилона пайи хизмати Модар – Ватан шаванд, то ояндагон низ бо хотири ҷамъ барои дифои марзу буми кишвар камари ҳиммат банданд.

Волидони сарбозон аз шароити хизмати фарзандҳояшон изҳгори қаноатмандӣ намуда, миннатдории хешро ба кумиҷроияи шаҳрӣ барои роҳандозии чунин иқдом изҳор доштанд.

Ба сарбозони шуҷоъ як миқдор маводи хӯрока ва тӯҳфаҳо аз ҷониби масъулини кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим карда шуд.