Имрӯз дар Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳии Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли меҳмонон ва иштирокдорони Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019”-ро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки чорабинии мазкур бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ҷалби сармоягузориву воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ва шарикони рушд бори шашум аст, ки гузаронида мешавад.

Зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин гардида, робитаҳои иқтисодии мамлакат бо мамлакатҳои гуногун сол аз сол беҳтар гардида истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин перомуни фаъолияти соҳибкорӣ дар вилоят, имкониятҳои содиротӣ, вазъи соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сайёҳӣ сухан гуфта, изҳори умед кард, ки Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” барои густариши ҳамкориҳо, рушди савдои байналмилалӣ, истифодаи самараноки имкониятҳо, мубодилаи молу маҳсулот, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳои иштироккунандаи ярмарка мусоидат менамояд.

Сипас, намояндагони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, инчунин намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов, муовини ҳокими вилояти Фарғона Муҳсинхуҷа Абдураҳмонов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар ва дигарон суханронӣ намуда, оид ба аҳмияти баргузории Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” дар рушди муносибатҳои тиҷоратии миёни давлатҳо андешаҳои хешро баён доштанд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” соҳибкорон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Белорусия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои бонуфузи молиявию тиҷоратии байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” имрӯз ҳамчунин ҷаласаи панелии «Муаррифии лоиҳаҳои инвеститсионию тиҷоратии соҳибкорони ҷавони вилояти Суғд» ва Форуми ҳамкории байниминтақавӣ, имкониятҳо ва дурнамо доир хоҳад шуд ва кори ярмарка рӯзи 22 июн низ идома меёбад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” аз шаҳри Хуҷанд беш аз 30 корхонаҳои саноатӣ бо зиёда аз 50 номгӯйи маҳсулотҳои хеш иштирок менамоянд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд